Низоъҳои мусаллаҳона ва вазъи фоҷеабори Фаластин Раҳмонро нигарон кардааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки алангаи низоъ дар Фаластин метавонад ба кишварҳои дигари минтақаи Ховари Миёна паҳн шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, таҳти унвони "Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор" бо изҳори таасуф гуфт, минтақаҳои гуногуни ҷаҳони муосирро мавҷи нооромиҳои хатарзо ва низоъҳои мусаллаҳона фаро гирифтааст.
Вай гуфт, шиддатнокии геосиёсӣ ба сатҳи бесобиқа баланди худ расидааст.
“Ин ҳолат, дар баробари хатару таҳдидҳои дигари амниятӣ, суботи сиёсӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоро ҷиддан ноустувор гардонида, метавонад оқибатҳои зиёди манфии дарозмуддатро ба бор оварад”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин қайд кард, ки вазъи фоҷеабори Фаластин имрӯз боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
То соли 2032 Тоҷикистон 100% барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад
“Мо ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва музокироти мусолиматомез даъват менамоем. Тоҷикистон бар он назар аст, ки татбиқи қатъномаҳои СММ вобаста ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин ягона роҳи муассири ҳалли ин қазия мебошад”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард, ки ин низоъ метавонад ба кишварҳои дигари минтақаи Ховари Миёна паҳн шавад.
“Дар робита ба ин, ҷомеаи ҷаҳониро лозим меояд, ки барои пойдор намудани сулҳи устувор дар Фаластин иқдомоти муассир андешад”, - гуфт раҳбари Тоҷикистон.