ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар семоҳаи аввали соли 2024 тиҷорати хориҷӣ дар аксари кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш ёфтааст.
Ба ин тартиб, тибқи гузориш, дар Қирғизистон гардиши коло ва хидматрасонӣ дар ҳамин давраҳо аз оғози ҳамгироӣ ба ҳадди ниҳоии худ - 5 млрд доллар расидааст.
Дар Арманистон 19,1%, дар Белоруссия 6,6% тавозуни мусбати савдои хизматрасонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шуд. Тавозуни манфии савдои хизматрасонӣ дар Қазоқистон 54,4%, дар Русия 4,8% коҳиш ёфтааст. Дар Қирғизистон тавозуни манфӣ 6 маротиба афзуд.
Зиёда аз 90% пардохтҳо дар ИИАО бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади пардохтҳо дар ИИАО бо пули миллӣ сурат мегиранд.
"Ҳаҷми савдои мутақобила миёни кишварҳои ИИАО аз 45 миллиард доллар ба 89 миллиард доллар расид, беш аз 90% ҳисоббаробаркуниҳо аллакай бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд", - гуфт Путин.
Президенти Русия маълумотеро овард, ки тибқи он маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИИАО, тибқи ҳисобҳои мавҷуда, аз 1,6 трлн доллар ба 2,5 трлн доллар ва гардиши мол бо кишварҳои сеюм 60% афзуда, аз 579 млрд доллар ба 923 млрд доллар афзоиш ёфтааст.