ВКД-и Русия аз коҳиши ҷиноят аз сӯйи муҳоҷирон хабар дод

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилаи Русия, дар ҳафт моҳи соли равон шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон 3,1% коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар Русия коҳиши ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Ирина Волк дар саҳифаи Telegram худ хабар додааст.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ҳафт моҳи аввали соли 2024 шумораи ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби муҳоҷирон 3,1% коҳиш ёфтааст.
Омори умумии ҷиноятҳо миёни хориҷиён тақрибан 5% коҳиш ёфтааст.
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Шумораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин низ 9,2 фоиз кам шудааст, аз ҷумла:
Куштор ва суиқасд ба куштор - 14%.
Ҷиноятҳо бар зидди дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии шахс - 2,5%.
Ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир - 21,7%.
Қаблан Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилаи Русия ишора карда буд, ки 25% ҷиноятҳои муҳоҷирон дар Русия ба тиҷорати маводи мухаддир марбут аст.
Вай ҳамчунин ба далелҳои ташкили ҷамъиятҳои нашъамандӣ, аз ҷумла байниминтақавӣ ва лабораторияҳои пинҳонии муҳоҷирон ишора карда буд.