"Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз кишварҳои ИДМ барои боркашонӣ сабукиҳо дастрас кардааст

"Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар давлатҳо сабукиҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тавре " Сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ ба АМИТ "Ховар" хабар додааст, беш аз 72% боркашонӣ дар самти байналмилалӣ — содирот ва воридот тавассути роҳи оҳан амалӣ карда мешавад.
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" афзуд, ки "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муассир гузошт.
“Танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2024 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 3,2 миллион тонна бор ва 214, 1 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки боркашонӣ 100,1 фоиз ва мусофирбарӣ 100,6 фоизро ташкил дод”, - қайд кард ӯ.
Вай ҳамчунин илова кард, ки барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст.
Афғонистону Тоҷикистонро роҳи оҳан мепайвандад?
“Ҳамчунин бо маъмурияти роҳи оҳани давлатҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда, аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар давлатҳо сабукиҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст”, - афзуд Сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон".
Ҳамчунин вай илова кард, ки дар қатораи мусофирбари Душанбе-Кӯлоб 60 фоиз ва дар мувофиқа бо роҳҳои оҳани давлатҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, то 45 фоиз сабукиҳо пешбинӣ шудааст.