ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Гимназияи хусусии “Эҳёи маънавият”-и шаҳри Хуҷанд вилояти Суғди Тоҷикистон аз “Рособрнадзор” аккредитатсия гирифт, иттилоъ дод намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин гимназия метавонад тибқи стандартҳои Русия таълим диҳад ва ба хатмкунандагон аттестатҳои стандарти давлатии Русия диҳад.
Тавре яке аз муассисони гимназия Муътабар Носирова ба хабаргузории ТАСС хабар дод, гимназия дар ҷумҳурӣ аввалин муассисаи хусусӣ аст, ки чунин аккредитатсияро ба даст овардааст.
"Мо аввалин гимназияи хусусӣ ҳастем. Мо низ барои лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" омӯзгоронро ҷалб кардем, акнун дар гимназияи мо шаш нафар омӯзгорон, ду нафари онҳо дар филиали ноҳияи Спитамен фаъолият хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Вай тавзеҳ дод, гимназия тасмим дорад, ки аввалин донишомзони худро бо аттестатҳои русӣ дар соли 2025 фориғуттаҳсил кунад.
Аттестатҳои тоҷикӣ, ба гуфтаи вай, ҳамчунин дода мешавад, то ба хатмкунандагон имкони интихоби муассисаҳои олӣ барои дохилшавӣ васеътар шавад.
Гимназия соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуда, дар он 300 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ҳама дарсҳо бо истифода аз китобҳои дарсии стандарти Русия ва таҳсилот ба забони русӣ гузаронида мешаванд. Хонандагони гимназия аз синфи якум забони олмониро низ меомузанд.
Дар Тоҷикистон боз чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи давлатӣ тибқи стандартҳои Русия таҳсил мекунанд, масалан, панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ, ки бо кумаки Русия сохта шудаанд ва аз соли 2022 фаъолият доранд. Ҳар сол шумораи зиёди падару модарон барои ба ин мактабҳо қабул намудани фарзандонашон мурочиат мекунанд. Забони русӣ дар конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо сабт шудааст. Дар он мактабҳое, ки таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, забони русӣ фанни ҳатмӣ мебошад.