Аз Туркия ба Амороти Муттаҳидаи Араб: Ашраф Гулов дар дигар кишвар сафир таъйин шуд

Ашраф Гулов, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар Туркия буд, акнун сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъйин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъйини Ашраф Гулов ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, 16-уми август ба имзо расид.
Ашраф Гулов то ин замон сафири Тоҷикистон дар Туркия буд. Тақрибан як ҳафта қабл ваколати сафириаш дар Туркия ба охир расида буд.
Баҳодур Шарифӣ бошад, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб озод шуд. Ӯ ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн буд.
Ёдовар мешавем, ки Ашраф Гулов моҳи июли соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин гардида буд. Ӯ то ин мақом дар мақоми Консули Тоҷикистон дар Русия ва сардори яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ фаъолият дошт.
Аз "Барқи тоҷик” то вазоратҳову дастгоҳи президент: Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Ашраф Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар ва писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат аст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури кишвар дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ анҷом дод.