Эрон омодааст ҳамкориҳояшро бо Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тақвият диҳад

Тоҷикистон мехоҳад бо Эрон ҳамкориҳояшро дар бахшҳои мубориза бо тероризм, ифротигарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон тақвият диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ин масъала ахиран зимни мулоқоти вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ин дидор бо ишора ба раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар ва низ шароиту таҳаввулоти минтақа ва чолишҳову таҳдидоти муштарак, густариши ҳамкориҳо байни вазорати дохилаи Тоҷикистону вазорати кишвари Эрон ба вижа дар бахшҳои мубориза бо тероризм, ифротигарӣ, ҷароим созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсонро зарурӣ донист.
Дар ҳамин ҳол, сафири Эрон бо ишора ба кайфияти хуби ҳоким бар муносиботу равобити байни ду кишвари дӯст, бародар, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон, аз омодагии комили вазорати кишвари Эрон барои тавсеа беш аз пеши ҳамкориҳо бо вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод.
Ҳайати бузурги тиҷории Эрон ба Тоҷикистон меояд
Қайд кардан зарур аст, ки ахиран дар шаҳри Теҳрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири кишвар (корҳои дохилӣ)-и Эрон Сайид Маҷид Мираҳмадӣ мулоқот карда буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариш ва таҳкими ҳамкории судманд дар таъмини амният ва мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран пулиси Эрон аз озодсозии 4 тан аз атбои Тоҷикистон, ки тавассути аъзои як бандаи байналмилалии қочоқи инсон ба гаравгони гирифта шуда буданд, хабар дод.