ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Агар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Ҳиндустон созишномаи тиҷорати озод ба имзо расонад, ММД Русия ба таври изофӣ 1,52% афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ин бора дар гузориши ахири коршиносони Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ гуфта шудааст.
Бо маблағ ин афзоиш 32,4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Дар маҷмӯъ, барои ИИАО афзоиши ММД 1,47% ё 34,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Муаллифони пажӯҳиш қайд мекунанд, ки дар соли 2023 Ҳиндустон бо ММД-и номиналии 3,57 триллион доллар ба панҷумин иқтисоди бузурги ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. То соли 2025 бошад, ҷои чорумро ишғол мекунад.
Тиҷорати озод бо ИИАО маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҳиндустонро 0,71% ё 27 миллиард доллар афзоиш медиҳад.
Коршиносон бар онанд, ки ин имзои ин созишнома боиси афзоиш ёфтани маҳсулоти воридоти аз Хиндустон ба Русия мегардад.
Ҳиндустон метавонад ба Русия нақлиёт, биринҷ, маснуоти металлӣ содирот кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкатҳои Ҳиндустон ва Русия метавонанд дар Русия як корхонаи муштараки мошинсозӣ бунёд кунанд. Барои маҳсулоти ин корхона бозори ҳар ду мамлакат боз мешавад.
Тибқи натоиҷи моҳи охири баҳори соли 2024 гардиши мол миёни Русия ва Ҳиндустон ба сатҳи рекордии 7,5 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.