ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони тоҷик, ки дар ҳудуди Русия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ҳушдор додаанд, ки қонуни муҳоҷиратии тағйир ёфт.
Таибқи қонуни нав акунун будубош дар Федератсияи Россия дар давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян шуд (қаблан 90 рӯз дар давоми 6 моҳ имконпазир буд).
Хотиррасон менамоем, ки соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад.
Ҳамчунин тибқи қонун шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадоранд, ки аз кирдорҳои ба Россия зараровар худдорӣ кунанд. Эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳои маънавӣ ва мардуми Русияро пос нигоҳ доранд. Корнамоии халқи советиро дар муҳофизати Ватан таҳриф накунанд.
Ҳамчунин ба муҳити зист, сарватҳои табиӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии Россия бо эҳтиром муносибат кунанд.
Қайд карда шудааст, ки муҳоҷирони муваққатӣ, метавонанд худро ба муҳлати дар огоҳинома зикргардида (на бештар аз 1 сол), ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. (муҳоҷирони муваққатӣ онҳое мебошанд, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) ё иҷозатномаи паноҳандагӣ надоранд); – хуруҷ аз Русия ба ватани худ, бо истифода аз шиносномаи мӯҳлаташ гузашта ё шиносномаи фарсуда имконпазир аст.
“Ҳангоми гузаронидани санҷиши сарҳадӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолии вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронида мешавад; Бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур аз 2 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад”, қайд кардааст манбаъ.
Вазорат аз шаҳрвандони қишвар, ки дар Русия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш кардааст, ки талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Русияро риоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки баъд амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”, ҳукумати Русия тасмим гирифт қавонини муҳоҷиратиро пурзур ва дар он тағйироти ҷиддӣ ворид намояд.