ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рӯзи 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
“Рӯзи дониш, яьне 1 сентябр, новобаста аз он, ки ба рӯзи якшанбе — истироҳат рост меояд, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эьлон мегардад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки имсол низ дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе Дарси сулҳ баргузор мегардад.
Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, омӯзгорон хонандагонро барои аз худ намудани дониши хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба Ватану миллат даъват менамоянд.
Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 3991 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳоро 127 ҳазору 620 нафар омӯзгорон таълим медиханд.