Нигаронии мақомот аз пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи коршиносон омили асосии барҳам хӯрдани оилаҳо, қабл аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила Сабоҳати Рустам дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид кардааст, ки масъалаи пошхӯрии оилаҳо тайи чанд соли охир аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 4408 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 962 ҳолат кам мебошад.
Ба гуфтаи вай ҳарчанд маълумоти оморӣ камшавии пош хӯрдани оилаҳоро нишон диҳад ҳам, вале ҳоло ҳам, вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Таъкид шудааст, ки вобаста ба ин ҳолат, Кумита корбарӣ мекунад ва дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати ба созиш овардани 26 оилаи ҷавоне, ки дар ҳолати пошхӯрӣ қарор дошт, муваффақ гардид.
Дар ҳамин ҳол Муъмина Шовалиева, мардумшинос, ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ қайд кардааст, ки омили асосии барҳам хӯрдани оилаҳо, қабл аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Коҳиши назарраси ҷудошавии оилаҳо дар яке аз ноҳияҳои Хатлон
Ба гуфтаи ӯ, сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо метавонад зӯроварии хонаводагӣ бошад.
“Агар хушунату зӯроварӣ дар дилхоҳ оила ҷой дошта бошад, фазои он носолим мегардад”, - гуфт ӯ.
Хонум Шолиева зикр кардааст, ки баъзе издивоҷкунандагон, ҳатто, соҳиби маълумоти миёна набуда, на соҳиби касбу ихтисосанду на аз одобу маърифат ва расму оин огоҳ.
“Бемасъулиятии волидон паҳлуи дигари ин як мушкили муҳими иҷтимоист. Қабл аз оиладор кардан, падару модар бояд ба фарзандони худ, бахусус ҷавондухтарон, тамоми нозукиву шебу фарози рӯзгордориро фаҳмонанду омӯзонанд. Фарҳанги дурусти хонадориро ёд диҳанд. Аз ҳама муҳим, эҳтироми ҳатмии волидонро таъкид созанд”, - афзуд коршинос.
Вкоршинос илова кард, ки маҳз айби волидон аст, ки ҳанӯз ҳам баъзеи онҳо соҳибмаълумот шудани духтаронро дуюмдараҷа меҳисобанду никоҳи барвақтиро волотар мешуморанд.