Бақайдгирӣ барои CAWS, чорабинии асосӣ дар соҳаи анбори Осиёи Марказӣ кушода шуд

Дар шаҳри Алмаато 1-умин Саммити анбордории Осиёи Марказӣ / CAWS баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рӯзи 3 октябр дар меҳмонхонаи “Ritz-Carlton”- и шаҳри Алмаато 1-умин Саммити анбордории Осиёи Марказӣ / CAWS баргузор мешавад, ки чорабинии асосӣ дар соҳаи амволи ғайриманқули анборӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ташкилкунандагони чорабинӣ: IBC Global - ширкати консалтингӣ, яке аз панҷгонаи беҳтарин мушовирони касбии Осиёи Марказӣ дар соҳаи амволи ғайриманқули саноатӣ ва анборӣ ва Colliers Kazakhstan, яке аз бузургтарин мушовирони байналмилалӣ дар бахши амволи ғайриманқул мебошанд.
Чорабинӣ бо дастгирии Палатаи миллии соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон "Атамекен", ҶСК Ширкати миллии "KAZAKH INVEST", NielsenIQ Kazakhstan баргузор мешавад.
Шарики генералӣ: MP Solutions, шарикони расмӣ: Burunday Container Terminal, шарикии масъулияташ маҳдуди "Исткомтранс".
1st Central Asia Warehouse Summit
Иштирокчиёни барномаи корӣ Райнер Майкл Пресс, шарик ва коршиноси стратегӣ оид ба рушди самти сармоягузорӣ дар Дафтари Family Office (Сингапур), сармоягузори байналмилалӣ ва Адриан Ҳенни, ҳаммуассиси Оҷонсии таҳқиқоту расонаӣ International Digital News хоҳанд буд.
CAWS чорабинии муҳими соҳавӣ мебошад, ки он тақрибан 300 иштирокчӣ аз Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Русияро муттаҳид мекунад.
Дар рафти чорабинӣ сармоягузорон ва намояндагони бахши бонкӣ ҷолибияти сармоягузории минтақаро барои рушд дар соҳаи амволи ғайриманқули тиҷоратӣ, савдо ва логистика арзёбӣ мекунанд.
Ба иштирокчиёни CAWS нигоҳи муфассали макроиқтисодӣ ва пешгӯиҳо барои солҳои оянда пешниҳод карда мешаванд. Сухангӯён дар бораи вижагиҳои рушди минтақа, мушкилоти асосие, ки бозигарони бозор бо онҳо рӯ ба рӯанд ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ сӯҳбат хоҳанд кард.
Иштирокро инҳо тасдиқ карданд: Golden Bridge, Wildberries, Бонки Рушди АвруОсиё, Вазорати иқтисод ват Ҷумҳурии Қирғизистон, Почтаи Русия, Sturgeon Capital, Ghelamco Group, Маркази содироти Русия, Radius Group, Focus Logistics, Apple City, Orient Logistics, Alkanov Group, Исткомтранс.
Маълумоти муфассал ва шартҳои иштирокро метавонед дар сомонаи чорабинӣ пайдо кунед: https://caws.asia.
Матлаб бо шароити тиҷорӣ нашр шудаст