Ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Тоҷикистон

Ширкати "Сипар Групп" бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ корхонаи ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсусро ба роҳ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати "Сипар Групп" дар бораи ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар ҷумҳурӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хубар додааст.
Ба иттилои манбаъ маросими имзои Созишномаи мазкур дар бинои ин ниҳоди давлатӣ ахиран сурат гирифт.
Ширкати "Сипар Групп" тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ҳаҷми 15 млн доллар, корхонаи ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсусро бо бунёди зиёда аз 100 ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монад.
“Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона то 120 автомашинаи махсус дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда шавад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир гуфта буд, моҳи майи соли 2023 дар Тоҷикистон корхонаи “Сипар гурӯҳ” бо мақсади ҷамъу васли мошинҳои махсуси ҳарбӣ ба истифода дода шуд.
Шералӣ Кабир бартарияти зиреҳпӯшҳои тавлиди Тоҷикистон аз ҳамсояҳоро гуфт
Ӯ гуфт, мошинҳои зиреҳпӯше, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, аз мошинҳое, ки имрӯз Узбекистону Қазоқистон истеҳсол мекунанд, кам нестанд.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, дар Тоҷикистон мошинҳои зиреҳпӯш аз рӯи технологияҳои муосири канадагӣ тавлид мешаванд.
Яке аз бартариҳои мошинҳои зиреҳпӯши истеҳсоли ватанӣ дар он аст, ки барои чархҳои онҳо металли баландсифат аз захираҳои худӣ истифода мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Турсунзода корхонаи “Сипар Групп”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар он таҷҳизоти вижаи низомиву мулкӣ васл карда мешавад.
Дар корхонаи нав, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо воридоти қисмҳои алоҳида аз хориҷи кишвар васл ва насби 17 намуди мошинҳои махсус ба роҳ монда мешавад.