Бо нидои офарин ва гулдастаҳо: Пешвози ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ дар Душанбе

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони тоҷикро наздиконашон, масъулини соҳа ва ҳаводорони варзиш гарму ҷӯшон истиқбол карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуд, рӯзи 14-уми август ба Душанбе баргаштанд.
Ба истиқболи ҷоизадорони олимпӣ намояндагони ҳукумат, наздикон ва мухлисонаш ҷамъ омаданд.
Варзишгарон бо изҳори миннатдорӣ ваъда доданд, ки талошро барои боло бардоштани парчами кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ дучанд хоҳанд кард.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маросими истиқболи варзишгарон дар фурудгоҳ бо иҷрои Суруди миллӣ ба поён расид.
1 / 6
Встреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе
2 / 6
Встреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе
3 / 6
Встреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе
4 / 6
Встреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе
5 / 6
Встреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе
6 / 6
Встреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе
Варзишгарон бо меҳмонону иштирокдорони маросими истиқбол ба Қасри миллат барои мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ раҳсипор шуданд.
Баъди анҷоми маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ҷоиза ва туҳфаҳо варзишгарон ба Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон", воқеъ дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе мераванд.
Варзишгарон ба хотири арҷ гузоштан ба таърихи халқу Ватан дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, расми хотиравӣ мегиранд.
Бозиҳои олимпӣ барои Тоҷикистон бо се медал поён ёфт
Ёдовар мешавем, ки тими олимпии Тоҷикистон аз Порис бо се нишони биринҷӣ - 2 адад дар риштаи ҷудо ва як адад дар бахши бокс баргашт.
Дар Олимпиадаи Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар муаррифӣ кард вале танҳо се нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
11 варзишгари дигари тоҷик бидуни медал ба Ватан баргаштанд.