ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ, ки мехостанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, дар вилояти Курск беш аз ду ҳазор нафар, 35 танк, 31 зиреҳпӯш ва 18 мошини ҷангии пиёдагардро аз даст доданд.
"Дар маҷмӯъ, зимни амалиёти низомӣ дар самти Курск душман то 2030 нафар низомӣ, 35 танк, 31 мошини зиреҳпӯш, 18 худрави ҷангии пиёданизом, 179 дигар намуди зиреҳпӯши ҷангӣ, 78 худрав, 4 падофанди ҳавоӣ, ду мушакандози чандгона ва 14 тӯпхонаи саҳроӣ", гуфта мешавад дар хабари вазорати дифоъ.
Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, нерӯҳои украинӣ, ки шумораашон то ҳазор нафар аст, соати 5:30-и субҳи 6 август бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск ба ҳамла гузаштанд ва пешравии онҳо боздошта шудааст.
Валерий Герасимов таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва дастрасӣ ба марзи давлатӣ анҷом мешавад.
Тавре вазорати дифои Русия рӯзи 12 август хабар дод, нирӯҳои Украина дар давоми тамоми набардҳо дар самти Курск беш аз 1,6 ҳазор нафар низомиён, 32 танк ва 23 мошини зиреҳпӯшро аз даст додаанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба иғво андохтааст ва ба таври ногаҳонӣ, аз ҷумла ба сӯи ғайринизомиён тир холӣ мекунад. Путин гуфт, ки душман посухи арзанда хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки дар назди Русия истодаанд, амалӣ хоҳанд шуд.
Дар Курск, инчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск барои таъмини амнияти мардуми ғайринизомӣ режими амалиёти зидди террористӣ ҷорӣ карда шудааст.