Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор соҳиби хона мешаванд

Ҳукумати ноҳияи Фархор мегӯяд, ки барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия 36 манзили истиқоматӣ сохта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиӣ зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора муовини якуми раиси ноҳияи Фархор Баҳодур Каримзода хабар додааст.
Мақомоти ноҳия қайд кардааст, ки барои сохтмони манзили истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, дар айни замон 70% сохтмон ба итмом расонида шудааст.
“Сохтмон дар ду баст ҷараён дошта, кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд сангфарш гардидаанд”, - қайд кардааст Баҳодур Каримзода.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ҳукумати кишвар ба сокинон аз қабили семент, арматура, тахта, мавод барои таҳкурсии хонаҳо (сангу шағал), хишт ва дигар маҳсулот кумак расонидааст.
Ҳушдор аз сели пиряхӣ дар Тоҷикистон
Инчунин аз ҷониби мақомоти ноҳияи Фархор хати барқи доимӣ ва мошинҳои махсуси обрасон таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор якчанд манзили истиқоматӣ зарар дид.