ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президент.
“Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаҳои масъули Дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ветнам ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам сидқан табрик намоям”, - таъкид кард манбаъ.
Раҳмон ба раисҷумҳури Ветнам дар фаъолияти ҳизбӣ ва давлатдориаш комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Ветнам сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст.
“Тоҷикистон ва Ветнам аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бархурдоранд. Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва ба дурнамои онҳо диди нек дорем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур изҳори умедворӣ кардааст, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории байнидавлатии ду кишвар минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гашт.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори омодагӣ кардааст, ки барои пешбурди ин раванд, аз ҷумла муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд фаъолият хоҳад кард.