ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд аз мусодираи 1226 дона қуттии “мидакс” хабар доданд, ки шаҳрвандон онро қасди ба фурӯш баровардон доштанд.
Салимзода Сафар, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, бо ироаи ин иттилоъ гуфт, ин маҳлули доруворӣ бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҷониби қочоқбарон ба ҳудуди кишвар ворид карда шудааст.
“Фурӯши озоди ин навъ маводи доруворӣ дар Тоҷикистон манъ аст, вале шаҳрвандон пинҳонкорона ба харидуфурӯши он даст задаанд” – иброз намуд, Салимзода.
Бино ба иттилоъи манбаъ дастгиршудаҳо иқрор кардаанд, ки теъдоди доруҳоро аз ҳудуди кишвари Қирғизистон бо роҳи қочоқ ворид кардаанд.
“Мидакс” навъе аз маводи доруворӣ аст, барои табобати чашм истифода мешавад.
Он дорои моддаҳои сахттаъсири “тропикамид” иборат буда, фурӯши он танҳо тибқи дорухати духтур, дар дорухонаҳо ба роҳ монда мешавад.
Аммо дафъаҳои охир зиёд хабарҳо ба нашр мерасанд, ки ин навъи доруро баъзеҳо мувофиқи мақсад истифода намебаранд.
Мақомот ҳам чанд ҳолати нодуруст ва бо роҳи пинҳонӣ ба бинӣ кашидани ин доруро ошкор кардаанд.
Салимзода Сафар, сардори Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд гуфт, ҳоло нисбати ду сокини шаҳри Истаравшан, ки ба харидуфурӯши ғайриқонунии “Мидакс” машғул шудаанд, тибқи моддаҳои 206 (муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок бо мақсади ба соҳибияти каси дигар доданд) ва 289 (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.