Тиҷорати хориҷии Суғд ба 1,5 млрд доллар расид: содирот каму воридот бештар

Ба иттилои ҳукумати Суғд гардиши мол миёни вилояти Суғд ва кишварҳои хориҷӣ то давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 1 млрд 476 млн доллар баробар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дар Раёсати минтақавии гумрук ироа намуданд, ҳаҷми тиҷорати хориҷии вилояти Суғд ба 1 млр 476 млн доллар расидааст.
Сардори Раёсати минтиақавии гумрук дар вилояти Суғд, Зафар Маҳмадиев дар нишасти матбуотӣ ҳиссаи содирот ва воридоти молро шарҳ дод.
“Аз ҳаҷми умумии гардиши мол беш аз 1 млрд 56 млн доллар ҳиссаи воридот буда 420 млн доллар саҳми содирот рост меояд” – гуфт, сардори идораи гумрук.
Бино ба иттилоъи манбаъ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти мол 14% ё 129, 3 млн доллар афзуда, вале ҳиссаи содироти мол 1% ва ба андозаи 4, 5 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Вазири иқтисод: даромади тоҷикистониҳо 113 баробар зиёд шуд
Тибқи омори идораи гумрук дар ин давра асосан зиёдшавии воридоти чунин намуди молҳо ба қайд гирифта шудааст:
Бензин 21, 1 млн доллар
Гази моеъ 23, 5 млн доллар
Шакар 17, 3 млн доллар
Гандум, 12, 2 млн доллар
Чӯбу тахта 5, 6 млн доллар
Орд 3, 8 млн доллар
Равғани растанӣ 3,3 млн доллар зиёд шудааст.
Давоми шаш моҳи соли 2024 содироти ин намуд мол камтар сурат гирифтааст:
Маъдан ва консентрат 69 млн
Семент 4, 6 млн доллар
Нахи пахта 7, 3 млн доллар
Пиёз ба маблағи 3, 8 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Дар умум гардиши мол миёни вилояти Суғд ва кишварҳои хориҷӣ то давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 1 млрд 476 млн доллар баробар шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9% ё 125 млн зиёд гуфта мешавад.