Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Алихонов гуфт, ки амалиёти вижа чашми тамоми ҷаҳонро ба аслиҳаи Русия ҷазб кард

Вазири саноат ва савдои Русия мегӯяд, саноати ҳарбии Русия дар шароити фишори таҳримҳои азим на танҳо тоб овард, балки боз ҳам пурқувваттар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Нигоҳи ниҳодҳои дифои кишварҳо дар тамоми қитъаҳо ба аслиҳаи Русия нигаронида шудааст, ки дар шароити амалиёти махсуси низомӣ дар набардҳои шадид озмуда мешаванд.
Дар ин бора вазири саноат ва савдои Русия Антон Алихонов рӯзи душанбе зимни ифтитоҳи Форуми "Артиш-2024" хабар дод.
"Дар шароити амалиёти вижаи низомӣ аслиҳаи Русия дар маркази таваҷҷӯҳи ниҳодҳои мудофиаи давлатҳо дар тамоми қитъаҳо қарор дорад, онҳо дар набардҳои шадид, дар муҳити мураккаби печида, бо истифодаи фаъоли системаҳои бесарнишини нав, технологияҳои зидди ҳамлаӣ озмоиш карда мешаванд. ", - гуфт Алихонов.
Ба гуфтаи ӯ, барои сари вақт коркард ва такмил додани маҳсулот дар Федератсияи Русия сатҳи бесобиқаи ҳамкориҳои байни ниҳодҳои ҳарбӣ ва саноат ба роҳ монда шудааст.
"Ин ба корхонаҳо имкон медиҳад, ки ба ҳамаи эҳтиёҷоти ҷабҳа зуд ва самаранок ҷавоб диҳанд", — таъкид намуд Алихонов.
Ӯ гуфт, ки ҳоло дар минтақаи амалиёти вижа ҳазорон аслиҳа ва техникаи низомӣ истифода мешавад, ки ҳудуди 300-тои онҳо бахусус серталаб аст.
Ба гуфтаи вай, саноати ҳарбии Русия дар шароити фишори таҳримҳои азим боз ҳам пурқувваттар шуд.
Ифтитоҳи Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш-2024" - видео
“Имрӯз мо метавонем бо итминон бигӯем, ки маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Русия на танҳо ба шароити фишори азими таҳримот тоб овард, балки боз ҳам қавитар шуд ва собит кард, ки қодир ба ҳалли мушкилтарин вазоиф аст",- таъкид кард вазир.
Аз 12 то 14 август дар Боғи Патриот дар наздикии Маскав форуми "Артиш-2024" баргузор мешавад.
Алихонов гуфт, ки дар он намунаҳо беҳтарин силоҳҳои санҷидашуда ва коркадшуда, ки қудрати худро дар майдони мабард нишон додаанд, ба намоиш гузошта мешавад.