ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар ин бора ёвари собиқи вазири дифоъ Стивен Брайан дар мақолаи барои Weapons and Strategy навиштааст, хабар медиҳад РИА “Новости”.
" Стратегия ва тактикае, ки украинҳо дар вилояти Курск нишон доданд, аз ҷониби НАТО таҳия шудааст”, - мегӯяд Брайан.
Ба гуфтаи вай, нерӯҳои мусаллаҳи Украина нақшаеро месанҷанд, ки паймон метавонад дар сурати сар задани амалиёти ҷангӣ дар Аврупо истифода кунад
Субҳи рӯзи 6 август воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош карданд, як бахше аз қаламрави ноҳияи Суджаи вилояти Курскро ишғол кунанд.
Тавре сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба раисиҷумҳур хабар дод, низомиёни Русия пешравии онҳоро қатъ карданд.
Рӯзи 10 август Кумитаи миллии зиддитеррористӣ эълом кард, ки дар вилоятҳои Белгород, Курск ва Брянск низоми амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шудааст.
Бар асоси гузоришҳо, шоми 10 август артиши Русия дар чанд минтақаи чанд рӯз пеш гирифта низомиёни украиниро ақиб рондаанд.