Раиси собиқи суди ноҳияи Панҷ, ки 122 ҳазор сомонӣ пора гирифт, барои 8 сол зиндонӣ шуд

Раиси суди ноҳияи Панҷ ки моҳи январ аз раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон барои гирифтани пора боздошт шуд, равонаи зиндон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Раиси собиқи суди ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон, ки моҳи январи соли равон аз ҷониби раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон боздошт шуда буд, барои 8 сол равонаи зиндон гардидааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод.
Вай иттилоъ дод, ки Абдураҳмонзода Бахтиёр барои гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешуд.
Қайд карда шудааст, ки ҳукми суд нисбати собиқи суди ноҳияи Панҷ рӯзи 14-уми июни соли равон содир гардидааст.
“Худи судшуда ва ҳимоятгаронаш ба ҳукми суд розӣ нашуда, барои бозбинии ҳукм ба зинаи болои суд шикоят будаанд”, - қайд кард Шоҳиён.
Ёдрас мекунем, ки боздошти раиси суди ноҳияи Панҷ рӯзи 25-уми январ сурат гирифт.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Бахтиёрро бо гирифтани пора, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва қаллобӣ айбдор карда буд ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кард.
Раҳмон судяе, ки марзбонро зад аз мақомоти судӣ комилан ронд
Абдурамонзода Бахтиёр соли 2018 раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Номбурда то он дам ба ҳайси судя дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.
Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармонаш Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро аз мақомаш барканор кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои тозатаъйин аз "рафтори ношоиста ва ғайриоинномавӣ"-и раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёд кард.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ рафтори ношоиста ва ғайриоинномавӣ раво дидааст, “на танҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”.