Хатлон маҳсулоташро ба кадом кишварҳо содирот кардааст?: Шарҳи мақомот

Вилояти Хатлон қисми зиёди маҳсулоти кишоварзиашро асосан ба Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Беларус содирот кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи имсол аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 бо маблағи 39,5 млн доллар зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид хабар дод.
Ба гуфтаи вай, аз ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 30,8 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 56,2 млн доллар, 5104 тонна калобаи ресандагӣ ба маблағи 12,9 миллион доллар ва 163,2 ҳазор тонна семент ба маблағи 8,3 миллион доллар содирот шудааст.
Инчунин аз ҳудуди вилоят 626 тонна нуриҳои минералии истеҳсоли корхонаи ватании "Азот" ба маблағи 170 ҳазор доллари амрикоӣ содирот шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи мамлакат дар маҷмуъ беш аз 27 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Воридот зиёда аз ду баробар бештар аз содирот: Шарҳи вазорат
Давлаталӣ Саид қайд кардааст, ки қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Беларус содирот шудааст.
Дар шашмоҳаи аввали имсол содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 7290 тонна ё 47 фоиз зиёд шудааст.
Зимни нишаст Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки гардиши савдои хориҷӣ дар нимаи якуми соли равон ба 225 млн доллар баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 млн доллар ё 52,3 фоизро ташкил дод.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 млн доллар ё 51,1 фоиз зиёд мебошад.