ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Саҳми чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли кам шудан аст.
Дар ин бора Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, муовини аввали вазири молия ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки раванди коҳиш сол то сол идома дорад.
Вай таъкид кард, ки 1,5 млрд доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меомад, ки то ҳол 610 млн доллари он баргардон шудааст.
Дар ҳамин ҳол ӯ гуфт, ки феълан ҷумҳурӣ аз Чин тақрибан 850-890 млн доллар қарздор азст.
Оқои маҷидӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон баъд аз соли 2018 дигар аз Чин қарз нагирифта, танҳо маблағи бебозгашт дарёфт мекунад.
Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки қисми бештари қарзҳои имтиёзноки ҷониби Пекинро то соли 2025 пардохт хоҳад кард, зеро муҳлати имтиёзҳо поён меёбад.
Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ки то моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.
Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна ба 23,7%-и ММД баробар аст.
Тайи шаш моҳи гузашта, кишвар барои пардохти қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 135 млн доллар, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 92,2 млн доллар ва фоизҳо - 42,8 млн доллар равона шудааст.
Ба иттилои вай, барои пардохти қарзи беруна Тоҷикистон ҳамасола на зиёдтар аз 10%-и буҷети худро масраф мекунад.