Тоҷикистону Қирғизистон хати барқи CASA-1000-ро озмоиш мекунанд

Вазирони энергетикаи ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки тамоми қисмҳои муҳим - хатҳои ҳавоӣ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳоро озмоиш кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои анҷомдодашуда дар чаҳорчӯби тарҳи CASA-1000-ро пеш аз оғози пуррааш озмоиш хоҳанд кард.
Ифтитоҳи озмоишии иншоот чӣ гуна сурат мегирад, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва раиси вазорати энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев зимни музокирот оид ба корҳои идомадошта дар лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ карданд.
Дар ин бора ниҳоди марбутаи Қирғизистон хабар дод. Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки хатҳои ҳавоӣ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳо байни ду кишварро озмоиш кунанд.
Пас аз санҷиши ҳамаҷониба ва рафъи хатогиҳои эҳтимолӣ, лоиҳаи CASA-1000 дар охири соли 2024 пурра ба кор андохта мешавад.
Коршинос сабаби таъхири CASA-1000-ро гуфт - видео
Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000) барои содироти нерӯи барқ ​​пайвастани системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Афғонистон ва Покистонро пешбинӣ мекунад.
Музокирот оид ба ин ташаббус аз соли 2007 идома дорад. Дар соли 2008 намояндагони чаҳор кишвар дастур доданд, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа анҷом шавад. Таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодӣ дар соли 2011 анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, Қирғизистон дар чаҳорчӯби CASA-1000 ӯҳдадор шуд, ки 40% ҳиссаи интиқоли нерӯи барқро ба Осиёи Ҷанубӣ бигирад. Тоҷикистон омода аст 60%-и боқимондаро диҳад.