ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2024 барои пардохти қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 135 млн доллар, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 92,2 млн доллар ва фоизҳо - 42,8 млн доллар равона шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод.
Ба иттилои вай, барои пардохти қарзи беруна Тоҷикистон ҳамасола на зиёдтар аз 10%-и буҷети худро масраф мекунад.
Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ хабар дод, ки то моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.
Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна ба 23,7%-и ММД баробар аст.
Қарздиҳандаи бузург ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он ҳудуди 900 млн доллар қарздор аст. Ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ қарзҳо нисбатан зиёданд.
Тоҷикистон инчунин аз евробондҳо (500 млн доллар) қарздор аст, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷалб шуда буданд. Ин қарз мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда пардохт мешавад.