Раҳмон: Мубодилоти мол дар Осиёи Марказӣ метавонад дучанд шавад

Дар сурати самаранок истифода бурдани иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад ба зудӣ ба 20 млрд доллар расонад, бовар дора раҳбари Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Мубодилоти мол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар ояндаи наздик ду баробар афзоиш ёбад - соле то 20 миллиард доллар.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти шашуми машваратии сарони кишварҳои минтақа дар Остона изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
"Дар панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз 80% афзуда, аз 10млрд доллар гузашт", - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Раҳмон таъкид кард, ки дар сурати истифодаи муассир аз зарфиятҳои мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад ба зудӣ ба 20 млрд доллар бирасад.
Тоҷикистон аз рушд ва ҳамгироии марказҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ кард
Илова бар ин, ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин зарур мешуморад, ки ҷаласаи нахустини вазирони саноатии минтақаҳо дар соли оянда дар Душанбе доир карда шавад.
Дар чаҳорчӯби чунин мулоқотҳо пешниҳод шудааст, ки намоишгоҳи ҳамасола "Экспо – Осиёи Марказӣ" баргузор шавад.
Имкон дорад, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергияи сабз, ки омилҳои калидии рушди иқтисоди сабз дар минтақа муайян шудаанд.