ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ, ки яке сирф саноативу дуюми кишоварзӣ мебошанд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз иҷрои нақшаи андоз набаромаданд, дар ин бора, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд, Абдуқайюм Воҳидов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ, нақшаи андоз дар шаҳри Гулистон ҳамагӣ 78% ва дар ноҳияи Мастчоҳ 91% иҷро шудааст.
“Сабаби ин аз камфаъолии корхонаи муштараки саноатии Тоҷикистону Чин ва коршарикони он мебошад. Аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи андоз дар ин ду шаҳру ноҳияи Суғд миллионҳо сомонӣ ба буҷа кам ворид шуд” – иброз намуд, сардори Раёсати андоз.
Ширкати “Саноати Тоҷикистону Чин” воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон моҳҳои апрел ва майи имсол дуруст кор накард ва нақшаи истеҳсоли мол якбора то 50 % дарсад коҳиш ёфт.
Ин корхона асосан ба истеҳсол ва коркарди металҳои ранга аз ҷумла хокаи сурб ва руҳ машғул аст.
Ширкати мазкур аз бузургтарин коргоҳҳои саноатии шимоли Тоҷикистон машғул мешавад. Он соли 2007 дар шаҳраки Зарнисори Гулистон ба фаъолият сар карда буд.
Ин коргоҳ ашёи хомро аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Мастчоҳ мегирад ва аз ҳамин лиҳоз таъсири камфаъолии он ба буҷаи шаҳри Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ зарба задааст, ки дар натиҷа дар онҳо нақшаи андоз иҷроношуда боқӣ мондааст.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ дар ин ширкат дар гузашта беш аз 3 000 мутахассис кор мекард, ки 1100 нафари онҳо чиниҳо гуфта мешавад.
Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон ҳам дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон иҷро нашудани нақшаи андозро таъйид карда ва вазъи баамаломадаро аз фаъолияти номуназзами баъзе аз ширкатҳои тобеъи ҳамин корхонаи саноатӣ шарҳ дод.
“Ширкати тобеи корхона аз ҷумла ширкати “ҶЛ” ва “Синохайдра” байни худ шартномаро қатъ карданд ва ҳудуди 300 коргарони худро гирифта рафтанд. То замони омадани коргарони нав ҷойи онҳо холӣ монд ва дар натиҷа истихроҷи мол дар корхона ба сатҳи 3 - 5 ҳазор тона дар шабонарӯз иҷро карда нашуд” – гуфт, раиси шаҳри Гулистон.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ширкати "Саноатии Тоҷикистону Чин" 80% и маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистонро ташкил медиҳад ва камфаъолии он ба нақшаи иҷрои буҷаи ин шаҳр таъсири амиқ мерасонад. Масъулони шаҳри Гулистон гуфтанд, ки ҳоло фаъолияти мунтазами ин корхонаи азими саноатӣ аз сар гирифта шудааст ва қарор аст то поёни соли ҷорӣ нақшаи пешбинишудаи истеҳсолро таъмин кунад
Дар умум давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд нақшаи андоз ва дигар намуди пардохтҳои ҳатмӣ наздик ба 104 % таъмин гардидааст, ки ин рақам нисбат ба нақшаи гузошташуда 93 млн сомонӣ зиёд будааст.