Раҳмон: Тоҷикистон бо Русия вобаста ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ҳамкорӣ дорад

Мақомоти Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамкории зич дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар наздикии шаҳри Маскав бо ниҳодҳои интизомии Русия ҳамкорӣ дорад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон хабар дод.
Ба гуфтаи вай аз тарафи Кумитаи тафтишоти Русия як қатор дархостҳои байналмилалӣ равон карда шуд, ки ба онҳо ҷавоби комил фиристода шуд.
"Мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамкории зич дорем, дархостҳои байналмилалии онҳо нисбати парвандаи ҷиноӣ вобаста ба ҳамлаи террористӣ, дар “Крокус Сити Холл” сурат гирифтааст. Дархостҳо қабул карда шуданд ва мо онҳоро дар доираи муқарраршуда баррасӣ кардем. Ба Кумитаи тафтишотии Русия ҷавобҳо ирсол карда шуд", - гуфт Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотӣ.
Дар ҳамин ҳол, додситони кулл дар ин бора маълумоти бештар надод.
“Намоз намехонанд” – шарҳи Шӯрои уламо дар бораи ҳамлаи Крокус

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Бобозода мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” рабт дод
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.