ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти узви ҳайати мушовараи (вазири) энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо раиси Кумитаи иҷроияи ҳамоҳангсозии нақлиётии ИДМ Геннадий Бессонов мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ҷонибҳо корҳои анҷомдодаро дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар доираи ИИАО ва ИДМ қайд намуда, нияти худро барои густариши ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳангсозии рушди долонҳои нақлиётии АвруОсиё ва долонҳои нақлиётии байналмилалие, ки аз қаламравҳои ИИАО ва ИДМ мегузаранд, изҳор доштанд.
Манбаъ хабар дод, ки тарафҳо дар бораи зарурати таҳияи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар асоси меморандумҳои мавҷудаи байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба тавофуқ расиданд.
Арзибек Кожошев пешниҳод кардааст, ки то соли 2030 чунин санад омода карда шавад.
Қаблан чунин ташаббуси Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёти кишварҳои узви ИИАО дастгирӣ шуда буд.
Дар ҷамъбасти мулоқот қарор қабул шуд, ки протоколи ният дар бораи омода намудани нақшаи чорабиниҳои муштарак роҷеъ ба рушди долонҳои нақлиётӣ то соли 2030 ба имзо расад.