Зарбаҳои артиши Русия ба нерӯҳои украинӣ, ки ба вилояти Курск ҳамла карданд – видео

Вазорати дифои Русия мегӯяд артиши Русия шабонарӯзӣ ба нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои украинӣ дар манотиқи марзии вилояти Курскро идома доданд
Sputnik
Ба иттилои вазорати дифои Русия, артиши ин кишвар якҷоя бо марзбонон ба нобудсозии нерӯҳои украини, ки ба манотиқи марзии вилояти Курск ҳамла карданд, идома доданд.
"Амалиёти нобудсозии нерӯҳои украинӣ идома дорад", - таъкид кардааст вазорати дифоъ.
Ба иттилои вазорати дифо, зарбаҳои ҳавоӣ, мушакӣ ва амалиёти фаъоли воҳидҳои марзӣ дар самти Курск аз пешравии амиқи нерӯҳои украинӣ дар қаламрави Русия пешгирӣ карда шуд. Артиши Русия ба мавқеъҳои нерӯҳои украинӣ дар минтақаи Басовка, Журавка, Юнаковка, Беловоды, Киянитса, Корчаковка, Новая Сич, Павловка, Городише, вилояти Сума зарба заданд.
Дар давоми рӯз талафоти душман 260 сарбоз ва беш аз 50 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла 7 танкро ташкил дод.
Шойгу: Артиши Русия бомуваффақият аҳдофи худро дар амалиёти вижа анҷом медиҳад
Ҳамчунин системаи мушакии зиддиҳавоии “Бук М1”, як зиреҳпӯши минаруб UR-77 ва як истгоҳи ҷанги электронӣ нобуд карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Курск Алексей Смирнов гуфт, ки шаби гузашта дар бораи вазъ дар Курск ба президенти Русия Владимир Путин хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ таҳти назорати раисҷумҳури Русия қарор дорад.
"Шаб аз вазъияти оперативӣ дар вилояти Курскро ба Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ хабар додам, ки ӯ вазъро шахсан таҳти назорати худ қарор додааст", — навиштааст Смирнов.