ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоиши содирот ва воридоти мол ба ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра содироти мол 1 млрд. долларро ташкил намуда, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 47 фоиз ё 319,2 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Вазир қайд кард, ки сохтори содиротро асосан металлҳои қиматбаҳо (30,1%), нахи пахта ва маҳсулот аз он (12%), маъданҳо (16,7%), дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) (8,8%), алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он (9,7%), дигар маҳсулоти кимиёвӣ (2,8%), либосҳои гуногун ва бофташуда (2,6%), маҳсулоти кишоварзӣ (2,4%), мис ва маҳсулот аз он (2,5%), неруи барқ (3,5%), семент (1,2%) ва дигар маҳсулот ташкил намудааст.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷ дар ҳаҷми 3,4 млрд. доллар мол ворид кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 24,8% ё 680,1 млн. доллар зиёд гардидааст.
Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард 10,3% ва барои истеъмол 7,4%, маҳсулоти нафтӣ 12,1%, воситаҳои нақлиёти заминӣ 9,4%, таҷҳизоти технологӣ 7,8%, металлҳои сиёҳ 6,2%, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,3%, гази моеъ 3,9%, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот 3,3%, маҳсулоти полимерӣ 2,5%, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ (гилхок 1,3%) 2,1%, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2%, нуриҳо 1,2%, маҳсулоти фармасевтӣ 0,9% ва ғайраҳо ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши савдо 29492,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 86,3%-ро савдои чакана ва таъмири воситаҳои нақлиёт ташкил намудааст.