ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Табибони Суғд зимни ташхис маълум намудаанд, ки баъзе аз никоҳшавандаҳо ба бемориҳои сироятӣ зардпарвин (гепатит), сил, ВНМО ва рӯҳӣ мубтало шудаанд.
Дар ин бора Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Ҳабибулло Хайруллозода, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ, натиҷаи ташхиси бештар аз 200 туйшавандаҳо ба бемориҳо мусбӣ баромадааст.
“Зимни ташхис аломати бемориҳои гепатит В – 159 ҳолат, гепатит С – 20 ҳолат, ВНМО – 5 ҳолат, оташак (сифилис) – 1 ҳолат, сил – 1 ҳолат ва дар 22 маврид бемории рӯҳӣ ошкор гардид” – гуфт, Хайруллозода.
Сардори Идораи тандурустии Суғд гуфт, ки баъди ошкоршавии чунин ҳолатҳо никоҳшавандаҳо ба табобат фаро гирифта шуда, замони барпошавии туйи онҳо ба таъхир гузошта шудааст.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 12, 7 ҳазор тӯйшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ камтар будааст. Дар шаш моҳи соли гузашта 14 ҳазор никоҳшаванда аз муоина гузашта буд.
Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2015, дар заминаи қабули қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ муоинаи ҳатмии қабл аз тӯй дар байни навхонадорон гузаронида мешавад.
Масъулони вазорати тандурустӣ, инро пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳамчунин пешгирии азҳампошии оилаҳои ҷавон арзёбӣ мекунанд.