Бонки осиёии рушд барои навсозии "Сарбанд" пул медиҳад

Масъулини Бонки осиёии рушд бар онанд, ки барқи тавлидшуда дар НБО "Сарбанд" барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя фоида меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бонки осиёии рушд барои навсозии нерӯгоҳи "Сарбанд" 21 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.
Тавре дафтари матбуотии бонк бо пахши хабарномае гуфт, ин пул барои таҷдиди нерӯгоҳ ва зиёд кардани тавлиди барқ дар Тоҷикистон сарф мешавад.
Мудири минтақаии бонк дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков, таъкид кардааст, ки барқи тавлидшуда дар "Сарбанд" барои Тоҷикистон ва ҳамсояҳои он фоида меорад.
Қобили зикр аст, ки НБО Сарбанд бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин НБО дар кишвар дар дарёи Вахш аст.
Иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳи барқи обӣ пас аз анҷоми кор ба 270 МВт мерасад.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.
Раҳмон дар Левакант агрегати савуми "Сарбанд"-ро ба кор даровард
Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.
Лоиҳаи барқарорсозӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд 136 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори мураттабу самараноки корхона ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои техникии муосир мебошад.
ГУфта мешавад, ки агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти нави барқ аз Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ​​оварда шудаанд.
Дар назар аст, таҷдиди нерӯгоҳи “Сарбанд” соли 2026 ба анҷом расад.
“Сарбанд” баъд аз "Норак", "Сангтӯда" ва "Бойғозӣ" нерӯгоҳи чоруми калон дар Тоҷикистон аст.