Вазир гуфт, Русия 17 ҳазор муҳоҷири тоҷикро дар ним сол ихроҷ кард

Мақомоти Тоҷикистон сабаби ронда шудани муҳоҷирони кории тоҷикро гуногун, аз ҷумла риоя накардани қонунҳои Русия медонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 август - Sputnik. Дар ним сол 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳудуди Русия ихроҷ кардаанд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ Гулнора Ҳасанзода, вазири кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Хонум Ҳазанзода сабаби ронда шудани муҳоҷиронро гуногун, аз ҷумла риоя накардани қонунҳои Русия донист.

"Дар умум, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 387 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, бозгашти онҳо дар ин давра каме бештар аз 324 ҳазор нафарро ташкил медиҳад," – афзуд вазир.

Вазири тоҷик гуфт, ҳангоми санҷиши ҳолати манъи вуруди шаҳрвандон ба Россия 4731 нафарро (4163 нафар мард ва 568 нафар зан), ки дар рӯйхати манъшудагон дар махзани маълумот мавҷуд буданд, аз сафар ба Русия баргардониданд.
Вай гуфт, аз ин шумора, ба 1487 нафар ба касбомӯзӣ ва ба 679 нафар барои бо кор таъмин шудан дар дохили кишвар тавсия дода шуд. Дар натиҷа 776 нафар соҳиби касб гардида, 263 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Хонум Ҳасанзода қайд кард, ки муҳоҷирати кории тоҷикистониҳо дар нимсолаи гузашта дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш 16 дарсад кам ва бозгашти онҳо ба кишвар 3 дарсад бештар шудааст.
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Ёдовар мешавем, чанде пеш мудири Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон, Ҳабибулло Назарзода хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон 3400 муҳоҷир аз фурӯдгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби баргардондан ва депорти муҳоҷирон комил набудани ҳуҷҷатҳояшон барои кору зиндагӣ дар Русия мебошад.
Назарзода таъкид намуд, ки авҷи депорту баргардондани муҳоҷирон ба як моҳи баъди ҳаводиси "Крокус" рост омада, феълан вазъ ба реҷаи муқаррарӣ баргаштаст.