ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, артиши Русия дар амалиёти вижа бо муваффақият ба аҳдофи худ мерасад, дар ҳоле ки Киев ҳайрон аст, ки президенти нави ИМА кӣ мешавад.
Вай инчунин қайд кард, ки Владимир Зеленский дар ин рӯзҳо дар пойтахтҳои Аврупо ба талбидани пул машғул аст.
"Дар ҳоле ки мақомоти Киев дар ҳайрат аст, ки ба Кохи Сафед моҳи январи соли 2025 кӣ меояд, дар ҳоле ки Зеленский, қонунӣ буданро дар сари қудратро аз даст додааст, бо дасти дароз остонаҳои пойтахтҳои Аврупоро мекӯбад, нерӯҳои Русия ба ҳадафҳои низомии худ дар амалиёти вижа муваффақона расиданд", - гуфт Шойгу.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.