Ҳосили кишоварзӣ дар ҳудуди кишварҳои ИИАО афзоиш ёфт

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас расидааст. Ин ниҳод ҳисобот дод, ки чӣ қадар маҳсулот ҷамъ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 2% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дода, афзуд, ки ин омор ҳаҷми ҳосили хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳоро фаро мегирад.
Афзоиш дар Русия, Белорус ва Қирғизистон сабт шуда, коҳиш дар Қазоқистон мушоҳида шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳисоб кардааст, ки дар ҳудуди ИИАО истеҳсоли чорво ва мурғ, ки барои забҳ парвариш мешавад, 3,1% афзоиш ёфтааст.
Дар айни замон истеҳсоли шир 2,4%, афзоиш ёфтааст.
Созишномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО ба зудӣ вориди амал мешавад
Манбаъ қайд кардааст, ки афзоиши истеҳсоли тухми мурғ дар Белорус (15,3%), Қирғизистон (8,4%) ва Қазоқистон (0,3%) ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дода буд, ки Дар давоми 10 сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО 30% афзуда, худтаъминкунии кишварҳои иттиҳод бо ғизо ба 93% баробар гардид.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Аврупо 136 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.