ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти Исроил имкони ҳамлаи пешгирикунанда ба Эронро баррасӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, эҳтимоли иҷрои он ба дастрасии маълумоти зарурии иктишофӣ аз Тел Авив ва Вашингтон вобаста аст, хабар медиҳад портали Ynet бо такя ба мақомоти расмӣ.
Ба навиштаи ин портал, Тел-Авив гузинаҳои мухталифи мубориза бо ҳамлаи интизории Теҳронро баррасӣ мекунад.
"Бори аввал нахуствазир ва маъмурони амниятии ӯ дар бораи ҳамлаи эҳтимолии пешгирикунанда гуфтугӯ карданд", - гуфта мешавад дар изҳороти Ynet.
Бо вуҷуди ин, портал қайд мекунад, ки барои анҷоми чунин ҳамла, зарур аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил маълумоти зарурӣ, аз ҷумла дар бораи нақшаи ҳамлаи Эронро дошта бошанд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи мақомоти Исроил, иқтидори низомии Исроил ва мизони ширкати низомии Амрико дар “ба қуллаи баланд” расидааст.
Пештар Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфта буд, ки ҷунбиши муқовимати Лубнон пас аз ҳамла ба канораҳои ҷанубии Бейрут, ки бо марги фармондеҳи аршади ин ҷунбиш Фуод Шукр ба марҳалаи нави мубориза бо Исроил меравад.
Ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ аз марги Исмоил Ҳания, раиси Ҷиноҳи сиёсии ин ҷунбиш бар асари ҳамлаи исроилӣ ба манзилаш дар Теҳрон, ки ӯ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Эрон омада буд, хабар дод.
Исроилиён дар бораи иттиҳомоти даст доштан дар марги Ҳания изҳори назар накардаанд, аммо масъулияти сӯиқасд ба ҷони Шукрро, ки ба гуфтаи онҳо, дар паси тирборон кардани теппаҳои Ҷавлон, ки дар он ҷо 12 кӯдаки кушта шудаанд, бар ӯҳда гирифтаанд.
Рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии NBC News бо такя ба як мақоми исроилӣ, ки аз он ном бурда намешавад, хабар дод, ки давлати яҳудӣ ба ҳамлаи эҳтимолии чандрӯзаи Эрон ва ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ" омодагӣ мегирад.