ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Теъдоди шикоятҳо дар бораи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тибқи иттилои расмӣ, дар давоми шаш моҳ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ беш аз 1,5 ҳазор шикоят оид ба зӯроварӣ дар оила сабт шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта дар ҳамин давра 65 маврид бештар аст.
"Аз шумораи умумии шикоятҳо 1,2 ҳазор шикоят дар бораи зӯроварӣ алайҳи мардон ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи январ то июни соли 2023 11 адад зиёд аст", - гуфт ӯ.
Раиси кумита мегӯяд, дар ҷомеаи мо занон дар бораи хушунат камтар муроҷиат мекунанд ва онро пинҳон медоранд. Ин марбут ба одати мост шояд, ки аз тарс ва ё мавриди баҳсу мунозира қарор нагирифтанашон аз шикоят худдорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи раиси ин кумита, дар ин маълумот на танҳо хушунати мардон нисбат ба занон, балки аз ҷониби занҳо нисбат ба шавҳарон низ ҷой дорад.
"Дар шаш моҳи гузашта 278 мавриди зӯроварӣ аз ҷониби занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст, ки 61 маврид зиёд мебошад", - афзуд мавсуф.