Дар Тоҷикистон барои гурезаҳо ва осебдидагони офатҳои табиӣ урдугоҳ месозанд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар ҷануби кишвар урдугоҳ бунёд мекунанд ва эҳтимол паноҳандагон аз Афғонистон низ аз он истифода хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд барои осебдидагон аз офатҳои табиӣ урдугоҳ бунёд кунанд.
Аз паноҳгоҳ гурезаҳои эҳтимолии Афғонистон низ метавонанд истифода баранд.
Ба ин тартиб, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ҷануби кишвар чунин макони ҷойгирсозӣ бунёд мекунанд, гуфт сардори ин ниҳод Рустам Назарзода.
"Ин урдугоҳ барои қурбониёни офатҳои табиӣ, ки манзилҳои худро аз даст дода ва инчунин, гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон аз ҷониби КҲФ дар минтақаи ноҳияи Ҷ. Балхӣ, 125-километрии ҷануби Душанбе сохта мешавад", - гуфт Назарзода.
Вай ҳамчунин гуфт, ки он бо гранти Бонки Осиёии Рушд дар ҳудуди Хадамоти зидди жолаи КҲФ дар масоҳати 5 гектар сохта шуда, сохтмон дар соли 2025 ба анҷом мерасад.
"Урдугоҳ барои 250 оила пешбинӣ шуда, дар он хонаҳои дуошёна бунёд ва тамоми шароит барои зиндагӣ фароҳам оварда шуда, дар гирду атрофи он тамоми инфрасохторҳо муҷаҳҳаз гардида, роҳу пул таъмир ва барои бефосила бо нерӯ таъмин кардан, хатҳои барқ кашида мешавад, — гуфт раиси кумита.
КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон як воҳиди байнулмилалии наҷотдиҳӣ таъсис мешавад, ки дар амалиёт дар хориҷ аз кишвар ширкат мекунад.
КҲФ аллакай барои ин гурӯҳ воситаҳои зарурии техникӣ ва таҷҳизоти махсус харидорӣ карда, барои аъзои ин бахш курсҳои забони англисӣ низ ташкил карда шудааст.