ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркманистон барои боркашонии зиёд имтиёзҳои нави транзитӣ ҷорӣ карданд.
Дар ин бора Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
"Аз ҷониби Туркманистон барои транзит аз Тоҷикистон имтиёзҳо пешниҳод карда шуданд. Акнун дар бандарҳои Туркманистон боркашонҳои тоҷик метавонанд 60 рӯз дар терминали "Туркманбошӣ" ройгон бимонанд", – таъкид кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" эълон кард, ки барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ то 80 фоиз имтиёзҳо пешниҳод намудааст.
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ҳамчунин ҳамкории судманд бо маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои ИДМ ба роҳ монда шуда, барои интиқоли бор аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо имтиёзҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
“Дар қатораи мусофирбари "Душанбе-Кӯлоб" 60% тахфиф ва тибқи мувофиқа бо роҳи оҳани кишварҳо (Русия, Қазоқистон ва Узбекистон) ба мусофироне, ки чиптаҳоро пешакӣ мехаранд, то 45% сабукӣ пешбинӣ шудааст”, -қайд кардаст вазорат.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии борҳо назаррас аст.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти кишвар ба ин намуди нақлиёт 72,2% боркашонии байналмилалӣ рост меояд.