ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Русия манъи содироти бензинро ба хориҷ аз 1 август тамдид кард, маҳдудиятҳо то моҳи октябр идома хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 март ба муддати шаш моҳ - то 1 сентябр ҳукумати Русия содироти бензин ба хориҷи кишварро ба истиснои кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ кард. Аммо баъдтар, дар охири моҳи май, маҳдудиятҳо бардошта шуданд.
Муовини сарвазири Русия Александр Новак хабар дод, ки манъ содирот аз 1 август аз сар гирифта мешавад.
Рӯзе пештар муовини раиси вазорати энержии Русия Павел Сорокин эълон кард, ки ҳукумати Русия ба хотири ба эътидол овардани бозори дохилӣ, захира кардани он ва ҷилавгирӣ аз болоравии якбораи нархҳо, аз ҷумла нархи яклухт тасмим гирифтааст, ин мамнӯъиятро тамдид кунад.
Қаблан, соли гузашта кабинаи вазирони Русия аллакай манъи содироти бензинро ҷорӣ карда буд.
Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҷумҳурӣ танҳо аз Русия дар шаш моҳи соли равон 524,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст
Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 783,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, дар ҳаҷми 73,5 ҳазор тонна ё 10,3 % зиёд мебошад.
Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд.