Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

“Дар панҷ дақиқа”: ВАО сабаби мушкилоти асосии ғайричашмдошти артиши Украинаро гуфтанд

Расонаи ABC News-и амрикоӣ хабар додааст, ки украиниҳо шак доранд, ки марги онҳо дар хатти ҷабҳа метавонад ба пирӯзӣ биёрад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Украиниҳо шак доранд, ки марги онҳо дар хати ҷабҳа метавонад артишро дар даргириҳо бо қувваҳои мусаллаҳи Русия ба пирӯзӣ биёрад, хабар медиҳад ABC News.
"Ман фикр мекунам, ки ман баъд аз панҷ дақиқа мемирам", - навиштааст хабарнигори рӯзнома дар истинод ба як фирории украинӣ.
Тавре рӯзноманигорон қайд карданд, украиниҳо аз тарси маҷрӯҳ шудан ва бори гарон шудан барои хешовандони зуд, бидуни умеди дастгирии минбаъда аз сӯи давлат ва марги зуд дар ҷабҳа, ноумеданд ва бар онанд, ки марги онҳо барои муваффақ шудан дар ҷанг кумак намекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти ахири вазорати дифои Русия танҳо дар як хати ҷабҳа артиши Украина дар як шабонарӯ то 450 сарбозашро аз даст медиҳад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Матвиенко: Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот бо Украина даст кашида набуд
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.