Тоҷикистону Русия фурӯши барқ аз НБО “Сангтуда-1”-баррасӣ намуданд

Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Русия вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон масъалаи содироти нерӯи барқ ​​аз НБО-и “Сангтӯда-1” пас аз пайвастшавии низоми энергетикии Тоҷикистон ба Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Дар ин бора вазорати энергетикаи Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ки музокирот дар ин бора дар чаҳорчӯби як нишасти кории вазири энергетикаи Русия Сергей Тсивилев ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа сурат гирифтааст.
Мавзӯи аслии мулоқот ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби корхонаи муштараки Русияву Тоҷикистон – НБО Сангтуда-1-и Тоҷикистон буд.
“Тарафҳо ҳамчунин имконоти содироти нерӯи барқро аз НБО Сангтуда-1 пас аз анҷоми пайвастшавии системаи энергетикии Тоҷикистон бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Давлатзода гуфт, камшавии қарзи “Сангтуда-1” аз чӣ вобаста аст
Оқои Тсивилев кайд намуд, тахияи бомуваффакияти ин лоиха муколамаи энергетикии байни кишварҳоро тақвият мебахшад.
Илова бар ин, масъалаҳои пайвастани Русия ба созишнома дар бораи фаъолияти мувозии системаҳои энергетикии Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.
Изҳори итминон гардид, ки кишварҳо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд низ густариш хоҳанд дод.