ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ба иттилои вазорати саноати Тоҷикистон содироти ангишт дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 ба ҳаҷми 43,5 ҳаз. тонна ба маблағи 1,7 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи сипаригардида ба ҳаҷми 60,2 ҳазор тонна кам мебошад.
Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин давра содироти ангиштро ба Афғонистон – 17,9 ҳазор тонна ва Покистон – 65,7 ҳазор тонна кам кардаанд.
Дар баробари ин содироти ангишт ба Ӯзбекистон пайваста афзоиш ёфта, дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 ба ҳаҷми 24,2 ҳазор тонна зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Вазорати саноат сабаҳои асосии кам шудани содироти ангиштро ба болоравии арзиши транзитӣ аз 7$ то 40-55$ тариқи Афғонистон ба Покистон, гум гардидани қобилияти рақобатпазирии нархи ангишти содиротшаванда дар бозори Покистон ва коҳиш ёфтани нархи фурӯши ангишт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 рабт додааст.
Ба итттилои вазорати саноат дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 истихроҷи ангишт аз ҷониби 12 корхона дар 9 кон ба роҳ монда шуда, истихроҷи ангишт 946,6 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Бақияи ангишт ба ҳолати 1 июли соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 566,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба ҳаҷми 314 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Истихроҷи ангишт нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба ҳаҷми 195,5 ҳазор тонна зиёд гардидааст. 11
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 369,3 ҳазор тонна 39% аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 577,3 ҳазор тонна ангишт ё 61% аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.
Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 540 ҳазор тонна 57% бо тарзи кушод ва 407 ҳазор тонна 43% бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.