Дар Тоҷикистон 1 август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардид

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2024-2025 хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон аз волидайн ҳуҷҷатҳои зерин талаб кардааст:
варақаи шахсии хонанда,
ду дона расми се ба чор,
аризаи волидайн оид ба қабул,
шаҳодатномаи таваллуди кӯдак,
ҳуҷҷати тиббӣ,
дунусхагӣ шиносномаи волидайн,
шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист.
Ҳамзамон масъулини вазорат таъкид намудаанд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
Вазири маориф аз норасоии 2500 омӯзгор дар мактабҳо хабар дод
"Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи маориф", банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад", -хабар додааст вазорати маориф.
Ба гуфтаи масъулини вазорат дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояташонро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр занг зада шикоят намоянд.