Мушкилоти молиявӣ ва COVID: Мақомот сабаби кор накардани бархе корхонаҳои саноатиро гуфт

Шумораи корхонаҳои бозмонда дар ин давра 92-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023 32 корхона кам мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз 92 корхонаи аз фаъолият бозмонда 58,7% ба корхонаҳое, ки аз соли 2008 то соли 2018 ва 41,3% аз соли 2019 то соли 2022 фаъолият накардаанд, рост меояд.

“Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати хурокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва пилла, соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, саноати ангишт ва маъданҳои куҳӣ ба қайд гирифта шудаанд”, - гуфт вазир.
Ҳамчунин Шералӣ Кабир сабабҳои асосии муваққатан фаъолият накардани корхонаҳоро ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидани корхонаҳо, аз ҷумҳурӣ рафтани соҳибмулкони корхонаҳо дар давоми паҳншавии бемории сироятии КОВИД- 19 рабт дод.
Камтар аз даҳяки қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон барои саноат равона мешаванд
Ҳамчунин вай гуфт, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом, набудани талабот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулотҳои истеҳсолӣ низ сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳо шудааст.