Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд

Дар соли ҷорӣ ин сеюмин коҳиши меъёри бозтамвил аст. Пеш аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои феврал ва май меъёри бозтамвилро тағйир дода буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тасмим гирифт, меъёри бозтамвилро аз 9,25 то 9% солона поин барад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Нишондиҳандаи нав аз 5 август эътибори расмӣ пайдо мекунад.
"Ин тасмим бо дарназардошти мӯътадил шудани нархҳо дар бозори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаҳонии молҳо, пешгӯии мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва интизориҳои таваррумии аҳолӣ қабул шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Ин сеюмин коҳиши меъёри бозтамвил дар соли 2024 аст. Дар моҳи феврал аз 10,0% то 9,5% солона кам карда шуда буд.
Меъёри бозтамвил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Бонки миллӣ 1 май БМТ дар бораи 0,25% киҳишёбии меъёрри бозтамвил эълон кард, ки он аз 9,5% то 9,25% солона поин оварда шуд.
Тибқи маълумоти ахири нашркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, таварруми солона дар ҷумҳурӣ дар давраи аз январ то июн 1,9% ва дар моҳи июн 3,5%-ро ташкил дод.
Ҳадафи Бонки миллӣ нигоҳ доштани тавваррум дар сатҳи 6% дар сол мебошад.
Ин меъёр, тибқи қонунгузории кишвар, ҳадди ақали фоизест, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ба бонкҳои тиҷоратии кишвар қарз медиҳад.