Дар Теҳрон Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии "Ҳамос" кушта шуд

Мақомоти Эрон дар иттилоияе аз шаҳодати раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизони вай дар асари исобат қарор гирифтани маҳали иқомати онон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард, ки Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизони вай дар асари исобат қарор гирифтани маҳалли иқомати онон дар Теҳрон ба шаҳодат расиданд.
Шаҳодати раҳбари ҳамос бо вокунишҳо ва паёмҳои маҳкумият аз сӯйи мақомоти фаластинӣ ва соири мақомот мувоҷеҳ будааст.
Маҳмуд Аббос раиси ташкилоти худгардони Фаластини зимни маҳкумияти ин террор гуфт, мо ин террорро иқдоми буздилона ва таҳарруки хатарнок медонем ва аз ҳамаи мардумон мехоҳем дар баробари ишғолгарони Исроилӣ ба ваҳдат, сабру пойдорӣ рӯй оваранд.
Мақомоти расмии Туркия низ куштори раҳбари дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳронро шадидан маҳкум кард.
Вазорати умури хориҷаи Туркия гуфт, Анқара куштори раиси дафтари сиёсии Ҳамоси Фаластин Исмоил Ҳаниёро, ки аз ҷониби Исроил кушта шуд, маҳкум мекунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват дорад пеш роҳи Тел-Авивро бигиранд то муноқиша минтақавӣ сар назанад.
Лавров: Комилан нобуд кардани Ҳамос, ки Исроил ҳадаф дорад, ғайриимкон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ҷунбиши Ҳамос дар Алҷазоир Юсуф Ҳамдан ба хабаргузории РИА Новости гуфт, куштори раиси дафтари сиёсии Ҳамос Исмоил Ҳания ба сиёсати раҳбарияти ҷунбиш таъсир намерасонад.
"Марги қаҳрамон Исмоил Ҳания пас аз ширкат дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Эрон ба тасмимҳои раҳбарият (Ҳамос) таъсир намерасонад ва Исроил барои содир намудани ҷиноят ва тамоми ҷиноятҳои зидди мардуми мо ҷазо хоҳад гирифт", гуфт Ҳамдам.
Бояд гуфт, ки дар Теҳрон ҷаласаи фавқуллодаи амнияти миллӣ вобаста ба террор шудани Исмоил Ҳания баргузор мешавад.
Ҳукумати Исроил ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса ибрози назар накардааст, аммо Теҳрон дар гузашта ин кишварро ба террори чандин донишманди атомии Эрон муттаҳам кардааст.
Исмоил Ҳания як рӯз қабл аз ин ҳодиса дар остонаи маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, бо ӯ ва Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, дар Теҳрон дидор карда буд.
Исмоил Ҳания, ки соли 2017 ба унвони раиси Дафтари сиёсии "Ҳамос" интихоб шуд.
Чанд узви хонаводаи Исмоил Ҳания, аз ҷумла, се писар ва чаҳор наберааш ҳам дар ҳамлаи ҳавоии Исроил дар моҳи апрел дар Ғазза кушта шуданд.