ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Эрон истиқбол гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба хотири пазироии раисҷумҳури Тоҷикистон роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур зимни боздиди корӣ аз Теҳрон як зумра мулоқотҳои дуҷониба ва дидору гуфтугӯҳо низ дар назар аст.
Ба гузориши хабарнигори ИРНА, Эмомалӣ Раҳмони раисҷумҳури Тоҷикистон дақоиқи қабл бо Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси Шӯрои исломии дидор ва гуфтугӯ кард.
Ёдовар мешавем, ки Масъуди Пизишкиён бо касби аксарияти оро дар даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон шуд.
Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30 миллиону 530 ҳазору 157 раъй, тавонист бо касби 16 миллиону 384 ҳазору 403 раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.